Ҷамъбасти нимсола дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ12-07-2017, 10:14
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия С. Раҳимзода, муовини сардори ШВКД-и дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ҷамоати шаҳраки Муъминобод, вакилони кӯчаҳои маркази ноҳия маҷлиси ҷамъбасти нимсола дар соли 2017 баргузор гардид. Дар ин маҷлис сараввал раиси ташкилоти ибтидоии ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба фаъолияти кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Муъминобод маълумот дода, аз бурду бохти фаъолияти шашмоҳаи худ ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Инчунин дар рафти маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Г. Раҷабова баромад намуда, баҳри боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои ҳизбӣ, тарғибу ташвиқи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ибрози ақида намуд ва кори ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати шаҳраки Муъминободро қаноатбахш ҳисобид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.