Самти муҳим ва асосии сиёсати Пешвои миллат8-07-2017, 09:35
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоӣ, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017- 2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ба оилаҳое, ки 2 нафар ва зиёда аз он маъюб доранд ва ба маъюбоне, ки ба воситаҳои тавонбахшии маъюбӣ ва воситаҳои ёрирасони техникӣ эҳтиёҷ доранд, воситаҳои протезию ортопедӣ, маҳсулотҳои тавонбахшӣ, асобағал ва аробачаҳои маъюбӣ харидорӣ шуда, тақдим карда мешаванд. Имрӯзҳо шароити будубоши маъюбон ва шахсони имконияташон маҳдуд хеле хуб буда, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Тоҷикистон 150 ҳазор шахсони имконияташон маҳдуд ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 25 ҳазор нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.