Ғамхории пайваста11-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
Дар театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт чорабинӣ бахшида ба Рӯзи маъюбон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур зимни суханронӣ раиси ноҳия Азимбой Азизӣ ва раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Қаробоева Сабоҳат иброз намуданд, ки шахсони маъюб ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамарӯза нисбати ин қишри ҷомеа ба хубӣ эҳсос карда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки маъюбону барҷомондагон дар ҳама иду айём аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, вакилони маҷлиси ноҳиявӣ, шахсони саховатпеша аёдат карда шуда, ҳамешагӣ дастгирӣ меёбанд. Баъдан ба як зумра маъюбони гурӯҳи якум тӯҳфаҳои пулӣ, ба 2 нафар Нусралиева Сабрина ва Мирқосимова Дилфарӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аробачаҳои маъюбӣ тӯҳфа карда шуданд. Дар интиҳо ба ҳозирин барномаи рангини консертӣ пешкаш карда шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.