Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Кӯлоб нисбат ба маъюбон ғамхорӣ зоҳир мегардад

Дар Кӯлоб нисбат ба маъюбон ғамхорӣ зоҳир мегардад

5-12-2017, 09:57
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Дар Кӯлоб нисбат ба маъюбон ғамхорӣ зоҳир мегардад

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷамъомади идона баргузор шуд, ки дар он 150 нафар маъюбон иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад муовини раиси шаҳри Кӯлоб Саймурод Исмоилозода аз ҷумла, зикр дошт, ки таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба шахсони маъюб ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, чандин марказҳои иҷтимоӣ ва мактабҳои махсус бо шароити зарурӣ барои истироҳат, таҳсил ва кори ин табақаи ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шудаанд. Дар арафаи иду ҷашнҳо барномаҳои гуногун баргузор шуда, пайваста нисбат ба онҳо ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Номбурда афзуд, ки ҳадаф аз баргузории ин гуна тадбирҳо дар он ифода меёбад, ки аъзои баробарҳуқуқ ва ҷудонашаванда будани ашхоси дорои имконияти маҳдуд дар ҷомеа ба хубӣ дарк шавад.

Иштирокдорон аз ҳунарҳои дастии маъюбон, ки ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.

Аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заршедабону» ва ташкилоти байналмилалии «Миссияи шарқ» ба маъюбон туҳфаҳо тақдим гардиданд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: