Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » 5 июн Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ҷамъбаст мегардад

5 июн Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ҷамъбаст мегардад

4-07-2017, 15:22
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
5 июн Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ ҷамъбаст мегардад
5 июли соли 2017 соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ҷамъбаст мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барнома ансамблҳои оилавие, ки дар даври аввал ғолибият ба даст оварда буданд, ҳунари худро манзури тамошобинон мегардонанд.

Даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» моҳи майи соли 2017 оғоз гардид. Фестивал бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар даври аввал 51 ансамбли оилавӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ВМБК иштирок намуда, дар натиҷа 10 ансамбли оилавӣ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Аз 16 ансамбли оилавии навоҳии тобеи марказ ансамблҳои оилавии ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Нуробод, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода ғолибият ба даст оварданд. Аз 9 ансамбли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ансамблҳои оилавӣ аз ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб, аз 10 ансамбли вилояти Хатлон ансамблҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён, аз 16 ансамбли оилавии вилояти Суғд ансамбли оилавии ноҳияи Мастчоҳ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Ғолибон ва фаъолони ҷашнвора бо туҳваву ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадрдонӣ мешаванд.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: