Ҷилваҳои зиндагӣ22-06-2016, 13:35
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
Дар барномаи ансамбли маъюбони Чин
Ба наздикӣ дар толори Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ консерти ансамбли маъюбони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд. Сафари эҷодии ансамбли мазкур ба кишвари мо бо дастгирии Президенти Тоҷикистон дар доираи Шартномаи байнидавлатӣ ва барномаи мубодилаи фарҳангӣ миёни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии мардумии Чин сурат гирифтааст. Дар Тоҷикистон ҳунармандони маълули чинӣ ду барномаи консертиро манзури тамошобинони точик карданд. Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Юе Бин дар оғози консерт зикр намуд, ки дар ҳама ҷо ҳунармандони ансамблро бо кафкӯбиҳои бардавом ва самимияти гарм пешвоз мегиранд. Барномаҳои онҳоро ҳудуди роҳбарони сад давлати дунё тамошо карданд. Сафир ҳамзамон иброз дошт, ки ҳайати эҷодӣ бо як услуби махсуси ғарбӣ, рӯҳияи худшиносии миллӣ, бо диди нав ба саҳна баромада, Чинро дар ҷаҳон машҳур гардонидааст . Дар иҷрои онҳо инъикоси муҳаббат, зебоиҳои ҳаёт, даст ёфтан ба орзуҳои ширин, муносибати дӯстона ва ғайра дида мешавад. Ва ба ҳамин хотир аз тарафи созмони ЮНЕСКО ҳайати эҷодии ансамбли маъюбон бо унвони “Наққоши сулҳ” ва аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо унвони “Фариштаи зебоиву дӯстӣ” сазовор гаштааст. Артистони ансамбли маъюбони чинӣ барои тамошобинони тоҷик барномаи ҷолиберо таҳти унвони “Орзуи ман” намоиш доданд. Ҷаноби Юе Бин дар мавриди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин низ ёдовар шуда гуфт: «Тоҷикистону Чин дорои анъанаҳои куҳанбунёди фарҳангӣ буда, ҳамчунин ду кишвари ҳамсояи хуб, шарикони нек ва дӯстони хуб ҳам мебошанд. Сарони ҳар ду давлат низ дар пайваст намудани фарҳангҳои ду давлати бо ҳам дӯст, пешрафти ҳамкориҳои пурсамар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ҳайати эҷодии маъюбони Чин бо нақшбозиҳои худ ба густариши минбаъдаи фарҳанги ду кишвар мусоидат намуда, ба табодули бадеиву фарҳангии ду халқ нақши фаъол мебозанд. Умедворем, ки боз дигар ансамблҳои Чин ба Тоҷикистон барои баргузории консертҳо меоянд. Мардуми Тоҷикистон низ тавассути ҳунару истеъдоди онҳо бо санъату фарҳанг, таърихи қадима ва пешрафту маърифати имрӯзаи Чин ошно хоҳанд шуд. Ҳамзамон мехоҳам ҳунармандони тоҷик низ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари эҷодӣ кунанд. Бо ин васила тавонанд дӯстиро миёни аҳли ҳунар мустаҳкамтар намоянд. Ман аз Ҳукумат ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои кумак ва даъвати ин ансамбл ба кишвари шумо миннатдор ҳастам ». Ансамбли маъюбони Чин соли 1987 таъсис ёфтааст. Ҳунармандони ансамбл аз гӯшаҳои гуногуни ин кишвар, дар саҳнаи наздики 100 давлати дунё ҳунару фарҳанги мардуми Чинро намоиш додаанд. Алиҷон Ҷӯраев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.