Бахшида ба 21-солагии Конститутсия (Сарқонун)-и Ватан4-11-2015, 16:00
Хабарро хонданд: 406 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз, 4-уми ноябр, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчӣ» бахшида ба 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он устодону муҳассилин иштирок доштанд.
Дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат» раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маорифчӣ» Тураев Холмаҳмад муовини раиси ташкилот Абдусамадов Мансур ва мудири шуъбаи таблиғотии Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат баромад намуданд. Ҷалилов Раҷабмурод аъзоёни ҳизбро нахуст аз номи Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо идҳои бошукуҳи дарпешистода табрику муборакбод намуда, ба онҳо бурдборию муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, дар идомаи чорабинии фарҳангӣ барои болида намудани хотири ҳозирин дар иҷрои ҳунармандони шинохтаи шаҳр барномаи консертии идона ташкил карда шуд. ©Шӯъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.