Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТАҶЛИЛИ 20 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КӮЛОБ.

ТАҶЛИЛИ 20 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КӮЛОБ.

27-06-2017, 13:21
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
ТАҶЛИЛИ 20 – СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР КӮЛОБ.

Имрӯз бахшида ба 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ фаъолони шаҳри Кӯлоб, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо намоиши дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳи давлтии Кӯлоб, Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар ш. Кӯлоб, намоиши китобҳо ва ҳунарҳои дастӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Чорабиниро нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб бо сухани ифтитоҳи кушода, ҳозиринро ба ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуд. Инчунин қайд кард, ки дар ш. Кӯлоб дар ҳамаи самту соҳаҳои хоҷагии халқ дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омад, ки ин ҳама аз сиёсати созандаву ваҳдатофарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Ҳамзамон як қатор фаъолон ва иштирокчиёни озмунҳои шаҳрӣ дар рафти ин чорабинӣ ба Ифтихорномаҳо ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир аз ҷониби ҳаваскорон ва ҳунармандони шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Мавриди зикр аст, ки ба муносибати ин ҷашни тарихӣ, ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил гардида, дар баробари ин хатнасури 110 нафар атфол баргузор карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: