Ифтихор аз Ваҳдати миллӣ6-07-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 143 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Бохтар ба ифтихори 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабиниву мулоқотҳо ва ҷашнвораҳои зиёде пайваста таҷлил гардида, зимни баргузории он аз хизматҳои шоиста ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри ноил шудан ба сулҳу ваҳдат, ободиву рушду нумуи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум қайд карда шуданд. Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҳизбиёну ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардид, ки дар он узви Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор суханронӣ намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ намоиши дастовардҳои ихтироъкорони ҷавон, ҳунарҳои мардумӣ, расму манзараҳо дар мавзуи сулҳу ваҳдат офаридашуда ва дигар эҷодкориҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар қисми фарҳангӣ маҳфили суруду тарона ва рақсу оҳангҳои дилнишин дар васфи осоиштагӣ, ваҳдат ва ватани азизамон Тоҷикистон ба ҳозирин пешкаш гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ Ҷаббори Ғаффор ба як қатор фаъолон ва пешқадамони ноҳия Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳоро тақдим намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.