Нишасти навбатии маҳфили“Ганҷи сухан20-06-2017, 10:05
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
СУҒД. Дирӯз нишасти 152-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гардид, ки дар он олимону адибон,устодону донишҷӯён,мухлисони каломи бадеъ ширкат варзиданд. Маҳфилро масъули он Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида , зикр кард,ки нишасти имрӯза ба Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 85 солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида мешавад. Нахуст маърӯзаи проректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Мӯъминҷон Шамсиддинов дар мавзӯи “Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ ” шунида шуд. Ӯ дар бораи таърихи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикстон сухан карда аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди сулҳи тоҷикон ёдрас намуд. Дар суханронии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Тӯтинисо Дадобоева дар бораи муҳимтарин чорабиниҳо дар қаламрави вилоят бахшида ба Рӯзи ваҳдат сухан рафт. Маърӯзаи илмии ҷолиб дар мавзӯи “ Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ва ваҳдати инсонӣ” аз ҷониби Мирзоев Садриддин, номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ ироа гардид. Муаллиф муҳимтарин андешаҳои Мавлоноро дар мавриди воҷаи ваҳдат,дӯстӣ ва ҳамдилии инсонҳо баён намуда, онро дар муқоиса бо ваҳдатофариҳои Пешвои миллат арзёбӣ намуд. Шоираи ваҳдатсаро Гулноз андешаҳои ҷолибашро дар бораи Ваҳдат баён намуда чанд шеъри нави хешро қироат кард. Бахшида ба 85- солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва 80-солагии устоди донишгоҳ, номзади илмҳои филология, дотсент, шодравон Аҳмадҷон Давронов дар мавзӯи “Аҳмадҷон Давронов - суханвар ва суханшинос”,номзади илмҳои филология, дотсент, декани факултети филология Мӯсоҷон Олимҷонов маърӯза кар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.