Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ПАЁМ –РОҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ПАЁМ –РОҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА

29-01-2018, 15:40
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМ –РОҲНАМО БА ЗИНДАГИИ ШОИСТА
Тибқи нақша-чорабинии факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва бо ибтикори ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи «Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ» санаи 22 январи соли равон Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Паём – роҳнамо ба зиндагии шоиста» дар маҷлисгоҳи факултети физикаю техника бо иштироки устодон ва донишҷӯён гузаронида шуд.
Дар конфронси илмӣ-амалӣ намоянда аз раёсати Донишгоҳ муовини раиси кумитаи ибтидоии иҷроияи ҲХДТ ба номи Б.Ғафуров дотсент Ӯғулой Умаралиева иштирок намуданд.
Конфронсро муовини раиси кумитаи ибтидоии иҷроияи ҲХДТ ба номи Б.Ғафуров дотсент Ӯғулой Умаралиева оғоз намуда, ҳозиринро ба барномаи конфронс шинос намуданд.
Маърӯзаи якум дар мавзӯи «Паём – равшангари илму маърифат» декани факултети физикаю техника, дотсент Раҳим Назаров баромад намуда, оиди мазмуну мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаи 22 декабри соли 2017 ироа гардид. Маърӯза намуданд.
Дар маърӯзаи дуюм оиди мавзӯи «Паём – роҳнамо ба зиндагии шоиста» муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултет сармуаллим Насим Умаров баромад намуда, иброз доштанд, ки дар ҳақиқат Паём сармашқи фаъолияти ҳамаи соҳаҳои халқ мебошад.
Дар маърӯзаи сеюм дар мавзӯи «Паём – дилгармӣ ба зиндагӣ» мудири кафедраи Электроника, профессор Ҳаким Тошхӯҷаев баромад намуданд. Профессор Ҳаким Тошхӯҷаев дар маърӯзаи худ оиди тамоми дастовардҳои даврони истиқлолро, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷиктсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст маълумот доданд.
Дар маърӯзаи охирон оиди мавзӯи «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муовини декан оид ба тарбияи факултети физикаю техника, сармуаллми Акмалҷон Усмонов баромад намуда, қайд намуд, ки об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об, вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад.
Аз ҳамин хотир эълон гардидани «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маврид буд.
Конфронсро декани факултет дотсент Р. Назаров ҷамъбаст намуда, таъкид намуданд, ки бояд тамоми қишри ҷомеа Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сармашқи кори худ қарор диҳанд ва ба фаъолияти меҳнатии тамоми шаҳрвандон бурдборӣ ва ба Тоҷикистони баҳбубамон осмони софу беғубор таманно намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: