Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ

Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ

19-10-2016, 10:16
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъДар факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғону ҷавонони прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Қаюмзода бо устодону донишҷӯён вохӯрӣ баргузор гардид.
Вохӯриро мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Фаридун Ҳодибоев ифтитоҳ намуда, аз мақсаду мароми вохӯрӣ, робитаҳои зичи фаъолияти донишгоҳ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ва аз натиҷаи фаъолияти силсилавии корҳои тарбиявии донишгоҳ маълумот дод.
Сипас, намояндаи прокуратураи вилоят, мушовири адлияи дараҷаи 2 Зафар Қаюмзода сухан намуда, оид ба сабабҳои даст задани ҷавонону ноболиғон ба ҷинояткориву ҳуқуқвайронкуниҳо, шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва роҳҳои пешгирии он, татбиқи қонуни забони давлатӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.
Баъдан, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Салоҳиддин Ӯзбеков дар мавзӯи “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон асари пурарзиш маърӯза намуд.
Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Исматҷон Ҷумъаев андешаҳои худро ҷиҳати дастгирии сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва муборизаи беамон ҷиҳати решакан намудани ҳамагуна ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ баён намуда, ҳамсолони худро ба сӯи илмомӯзӣ, ватандӯстиву худшиносии миллӣ даъват намуд.
Дар охири вохӯрӣ декани факултет, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулатиф Азизов ва дигар устодону донишҷӯён изҳори боварӣ намуд, ки корҳои таблиғотиро оиди пешгирии падидаҳои номатлуб байни устодону донишҷӯён мустаҳкамтар хоҳанд кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: