ҶАВОНОН ЗИДДИ ҶИНОЯТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ9-03-2017, 10:11
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҷавонони факултет вохӯрӣ доир гардид.
Мавзӯи баррасишуда вобаста ба иҷрои дастур ва супоришҳое, ки дар Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардидааст, оид ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории тоҷикон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шормилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ бахшида шуда буд. Сараввал декани факултет Р.Назаров меҳмононро ба ин чорабинӣ хайрамақдам намуда, якчанд нуқта аз Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон истода гузаштанд. Сипас муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент, М.Шамсиддинов баромад намуда, вохӯрие, ки санаи 27 феврали соли равон дар Кохи фарҳангии ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки сардори РВКД вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, баррасӣ намуд ва аз натиҷаи он вохӯрӣ ба донишҷӯён маълумоти мушаххас дод. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.