Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат20-06-2017, 09:30
Хабарро хонданд: 138 нафар
Назарҳо: 0
ҶАББОР РАСУЛОВ. Барои боз ҳам мустаҳкам намудани Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, тарғиби ҳамаҷонибаи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи «Соли ҷавонон» ва 20 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба Ҷамоати деҳоти Сомониён ташриф оварданд. Вохӯри дар толори маҷлисгоҳи МТМУ № 11 бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сафарзода Амир, Ансорӣ Муаззамхон –ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Мамадҷонова Муҳиба – мудири шӯъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо, Очилов Рустам – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Исомаддинзода Саидамин Акбар –мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд баргузор гардид. Дар суҳбати ошкоро баромадкунандагон оиди Ваҳдати миллӣ ва эълон гардидани «Соли 2017 – соли ҷавонон» суханронӣ намуданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.