Сафи ҲХДТ меафзояд6-07-2017, 14:38
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
ҶАББОР РАСУЛОВ. Дар толори Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласа баргузор гардид. Чорабинии мазкур бевосита бо ҳамкории маъмурияти коллеҷи муҳандисию омузгории ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур раиси КИН ҲХДТ Очилов Р.О., директори коллеҷ Мирмуҳсинов С., мудири шуъбаи кор бо занони КИН ҲХДТ Рустамзода Қ., мудири шуъбаи КИН ҲХДТ Умарзода Б. ва донишҷуёну омӯзгорон зиёда аз 150 нафар иштирок намудаанд. Дар давоми чорабинӣ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба сухан баромада иштирокчиёнро бо ҳадафҳои созандаи ҲХДТ шинос намуд. Боиси хурсандӣ аст, ки дар ин рӯз 78 нафар донишҷуёни фаъоли Коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов барои аъзо шудан ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза дода буданд, ба онҳо билетҳои ҳизбӣ бо тантана супорида шуд. Инчунин ба фаъолони омӯзгорон ва донишҷуёни коллеҷи муҳандисию омӯзгории ноҳия бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сарфароз гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.