Вохӯрӣ бахшида ба 20 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ16-06-2017, 11:37
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
ҶАББОР РАСУЛОВ. Дирӯз вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи «Соли ҷавонон» ва 20 – солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар толори гимназияи №1 ноҳияи Ҷаббор Расулов бо сокинон, ҷавонон, фаъолони ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз баргузор гардид. Вохӯриро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сафарзода Амирбек ҳусни оғоз бахшид ва иброз намуданд, ки Ваҳдат – ин сарҷамъӣ ва умед ба оянда мебошад, аз ин лиҳоз мо бояд онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Дар вохӯрӣ аъзоёни гурӯҳи корӣ ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Ансорӣ Муаззамхон (роҳбари гурӯҳ), мудири шуъбаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо Мамаҷонова Муҳиба, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Очилов Рустам иштирок ва суханронӣ намуданд. Вохӯрӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ анҷом ёфт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.