Бахшида ба 20- солаги Ваҳдати миллӣ.17-06-2017, 09:57
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
намудани суҳбату вохӯриҳо бо мардум гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Аюби Бибиосия муовини директори Агенти хизмати Давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳайати Бобоева Нуриниссо раиси Иттифоқи касабаи нақлиётчиёни назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳдӣ Собир корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимзода Маҳмадулло мудири шуъбаи таблиғотии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварданд. Ҳайати гурӯҳ, ки ба он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Маҳмадаюб Шарипов Роҳбаладӣ намуд, дар давоми 5 рӯз дар ҳамаи 8 ҷамоати шаҳраку деҳот, Коллеҷи омӯзгорӣ, Беморхонаи Марказӣ, Маркази Саломатӣ ва 12 деҳаҳои калони аҳолинишин доир ба мавзуъҳои, 20-соли Ваҳдати миллӣ, 20-соли рушди комёбиҳо, Аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар сарнавишти миллат, нақши Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат, дастовардҳои Тоҷикистон дар партави Ваҳдати миллӣ, эътирофи ҷаҳонӣ ёфтани таҷрибаи сулҳи тоҷикон нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти кишвар ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 суҳбату вохӯриҳои судманд гузаронида, ба саволҳои сершумори иштирокчиён посухҳои қаноаткунанда доданд. Суҳбату вохӯриҳо дар фазои озоди ҳамдигарфаҳмӣ бо иштироки васеъи мардум, аз ҷумла фаъолону зиёиён, ҷавонон, кормандони соҳаи кишоварзию тандурустӣ, имом хатибону раисони маҳаллаҳо доир гардида, хело хотирмон гузаштанд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.