Бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ16-06-2017, 09:16
Хабарро хонданд: 169 нафар
Назарҳо: 0
Панҷ. Мувофиқи нақшаи кории Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи зиёиёни фаъол: Кобулиев Зайналобуддин директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбари гурӯҳ, Ҳасани Муродиён мушовири Ректори Донишгоҳи Давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Пиров Аламшо декани факултаи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Носиров Ёғибег - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар арафаи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, аз 12 то 17 июни соли 2017 ба фаъолону кормандони соҳаҳои гуногун, кишоварзону меҳнаткашони деҳот дар мавзуҳои «Ваҳдат – ҳастии миллӣ», «Мактаби сулҳоварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Соли 2017 – Cоли ҷавонон», «Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор»» вохуриву сӯҳбатҳо вогузор гардида истодаанд. Ин вохуриҳо то 15 июни соли 2017 идома хоҳанд ёфт. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.