Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Носири Хусрав идома доранд.26-07-2017, 14:29
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Тибқи нақшаи чорабиниҳо ва ҷадвали тасдиқгардида дар ноҳия бахшида ба 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар иртибот ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таблиғу ташвиқ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз ва мустаҳкам намудани пойдевори ҷомеа ва рушду нумуи фарҳанги ҷомеа қабули қонуни мазкур дар пешгирии равияҳои расму оинҳо дар деҳаи Истиқлол вохӯрӣ бо сокинони маҳалла баргузор гардид. Дар вохӯрӣ узви ҲХДТ, И.в. раиси ноҳия Н. Садриддинзода ва мақомотҳои қудратии ноҳия иштирок намуда, ба аҳолии маҳалла ҷиҳати гирифтани роҳи хурофоту зоҳирпарастӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна хароҷотҳои беҳуда ба мардум фаҳмонида дода шуд. Қайд гардид, ки мақсад аз қабули қонун пеш аз ҳама беҳбудӣ бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини Ватан мебошад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.