Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Минбаъд Президент маоши раисони палатаҳои Парлумонро муқаррар мекунад

Минбаъд Президент маоши раисони палатаҳои Парлумонро муқаррар мекунад

14-06-2017, 16:59
Хабарро хонданд: 200 нафар
Назарҳо: 0
Минбаъд Президент маоши раисони палатаҳои Парлумонро муқаррар мекунад

ДУШАНБЕ, 14.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд музди меҳнати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Дар ин росто, 14 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» илова ворид намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор зимни тавзеҳи ин масъала гуфт, ки ба қисми дуюми моддаи 28 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ибораҳои «музди меҳнати» ибораҳои «Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон» илова карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси Олӣ аз ду палата — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат буда, Маҷлиси миллӣ 33 нафар аъзо ва Маҷлиси намояндагон 63 вакил дорад, ки ба муҳлати панҷ сол таъйин ва интихоб карда мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: