Ба Буҷети давлатӣ барои соли 2016 тағйирот ворид карда мешавад30-05-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» тағйиру иловаҳо ворид менамояд.
Масъалаи мазкур 30 май дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ва «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» баррасӣ гардиданд. Дар анҷом баъзе масъалаҳо барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод карда шуданд. khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.