Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нархгузории корҳои сохтмонӣ ба танзим дароварда мешавад

Нархгузории корҳои сохтмонӣ ба танзим дароварда мешавад

23-06-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Нархгузории корҳои сохтмонӣ ба танзим дароварда мешавад
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафи лоиҳаи мазкурро ба танзим даровардани қойдаҳои муайян намудани меъёр ва нархномаҳои корҳои сохтмонӣ, сарфа намудани маблағҳои буҷетӣ, беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, ташаккули мехнизмҳои нави ҳамкори миёни давлат ва бахши хусусӣ, унвон намуд.

Номбурда гуфт, имрӯз бари танзими системаи нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон, зарурияти ҳамоҳангсозии вазорату идораҳои дахлдор вуҷуд дорад, зеро пешбурди сиёсати нархгузорӣ тавассути маълумотҳои дахлдор аз вазорату идораҳо, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолкунанда ва воридкунандаи масолеҳ, амалӣ мегардад.

Ӯ мегӯяд, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки меъёру қоидаҳои нархгузорӣ аз тарафи мақомоти санҷишию тафтишотӣ мавриди тағйир қарор дода мешаванд ва бино бар ин пешниҳод карда шудааст, ки минбаъд ба салоҳияти ҳукумат муайян намудани қойдаҳои нархгузории корҳои сохтмонӣ пешбинӣ карда шавад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон аз қабули ин лоиҳа истиқбол намуда, таъкид намуд, ки бо қабули ин санад, баъзан духурагиҳо дар муайян намудани нархгузории корҳои сохтмонӣ ва изофанависиҳо аз байн меравад.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳоиҶумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо — II» (ЛРЧЧ — II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ва Фонди трастии барномаи мутобиқшавии хоҷагиҳои фермерии хурд ба тағйирёбии иқлим, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1958 – 1960 қабул шудаанд» мавриди баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон қарор гирифтанд.
И.Тоҳир
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: