Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Н. Мирзоева барои хариду фурўши одамон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардид

Н. Мирзоева барои хариду фурўши одамон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардид

6-06-2017, 00:00
Хабарро хонданд: 211 нафар
Назарҳо: 0
Н. Мирзоева барои хариду фурўши одамон ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардид

ДУШАНБЕ, 06.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбат ба Мирзоева Ниссо Исроиловна, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Фирдавсӣ, бинои 44, хонаи №17 бо айбдорӣ дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 130, эзоҳи 1, қисми 2, бандҳои «б, ё»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ намуд.

Н.Мирзоева барои хариду фурўши одамон, яъне бо мақсади суиистифода (суиистифодаи фоҳишагарии дигар шахсон ё дигар шакли суиистифодаи шаҳвоният), ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан ва фиреб, бо аломатҳои аз ҷониби гурўҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешавад.

Судшаванда бархилофи арзишҳои ахлоқии ҷомеа амал намуда, моҳи июли соли 2016 бо шахси шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи «Нодира» маслиҳат намуда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинсашон занро пайдо намуда, бо роҳи фиреб тариқи ҳавасмандкунии моддӣ ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб равон карда, барои фаъолияти шаҳвонӣ хариду фурӯш менамудааст.

Номбурда моҳи июли соли 2016 дар хиёбони Синои шаҳри Душанбе бо шаҳрванд Забирова Робиямоҳ Қурбоналиевна вохӯрда, бо роҳи фиреб ва истифода аз вазъи ногувори зиндагии номбурда ӯро барои пешниҳоди кор дар яке аз кошонаҳои ҳусни шаҳри Дубай ҷалб намудааст.

Ниссо Мирзоева дар ин бора ба «Нодира» хабар дода, ба номи Р. Забирова раводид омода карда, барои сафар намуданаш ба шаҳри Дубай 29 августи соли 2016 чиптаи ҳавопаймо харид намудааст. Номбурда дар ҳамин рӯз шаҳрванд Р. Забироваро ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе бурда, ба шаҳри Дубай равон мекунад.

Дар шаҳри Дубай Р. Забироваро «Нодира» қабул карда, оид ба мавҷуд набудани ягон хел кор дар кошонаи ҳусн ба ӯ хабар дода, ӯро муттаҳам мекунад, ки барои раводид, чипта ва харидани ӯ аз Н.Мирзоева 8000 доллари ИМА сарф кардааст. Р.Забироваро маҷбур мекунад, ки ин маблағро барқарор кунад.

Вақте ки Н.Мирзоева 7 сентябри соли 2016 ба шаҳри Дубай сафар мекунад, Р. Забирова оид ба мушкилоти ҷойдоштааш ба ӯ мегўяд.

Н.Мирзоева бо баҳонаи ҳарчӣ зудтар озод кардани Р.Забирова аз ин мушкилот, 10 ва 11 сентябри соли 2016 ӯро 2 маротиба ба клубҳои шабона бурда, ба шаҳрвандони хориҷӣ фурӯхта, дар маҷмӯъ 900 доллари ИМА ба даст меоварад. Номбурда ба Р. Забирова ваъда медиҳад, ки ба номи ӯ чиптаи ҳавопаймо мехарад ва ӯ метавонад ба Душанбе баргардад.

Аммо Н. Мирзоева ин дафъа ҳам Р. Забироваро фиреб дода, 13 сентябри соли 2016 ба номи худ чиптаи ҳавопаймо харида, ба Тоҷикистон меояд.

Пас аз омадани ӯ «Нодира» Р. Забироваро ба манзили истиқоматии худ бурда, баҳри барқарор кардани маблағи дар боло зикршуда ва ба даст овардани фоидаи пулӣ то 24 сентябри соли 2016 бархилофи озодии шахсӣ ва иродааш ӯро хариду фурӯш менамояд.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Мирзоева Ниссо Исроиловна дар содир намудани ҷинояти бо моддаи дар боло зикршуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии дорои низоми умумӣ таъйин гардид.


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: