Намояндаи ҶДММ «Меҳр — 777» барои қочоқ ба ҷазои ҷиноӣ кашида шуд31-07-2017, 15:40
Хабарро хонданд: 276 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 31.07.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки шаҳрванд М. З. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон даст ба содир намудани ҷиноят задаанд, ки моҳияти он аз қочоқ, интиқоли мол ва ашёи дигар аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи техникаи компютерӣ иборат мебошад. Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, шаҳрванд З.Н. дар асоси ваколатнома ҳамчун намояндаи ҶДММ «Меҳр-777» баромад намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо дигарон ба воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Волво», рақами қайди давлатиаш B721 – SYN – 6416BD аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 35 номгӯй молу маҳсулоти сохтмонӣ, конселярӣ, либосҳои мардонаю занона, либосворӣ, бозичаҳои гуногуни кӯдакона ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст. Тибқи маълумотномаи Шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД — и ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муайян карда шуд, ки нақши мӯҳрҳои даврашакл ва нақши сиккаҳои росткунҷашакл дар рӯи варақаи ҳуҷҷатҳои рӯйхати номгӯйи мол гузошташуда бо истифода аз воситаи нусхабардорӣ ва дастгоҳи чопии ранга гузошта шудаанд. Мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд М. З. ва дигарон маблағи умумии 464 ҳазору 594 сомонию 13 дирамро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои бадқасдонаи онҳо ба буҷаи давлат ба миқдори калон зарари моддӣ расонида шудааст. Оид ба ҳолати зерин нисбат ба намояндаи ҶДММ «Меҳр — 777» М. З. ва дигарон бо моддаи 289 қисми 2 ва 340 қисми 2 – и бандҳои «б, в» — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он дар Прокуратураи вилояти Суғд мавриди тафтиш қарор дорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.