Пешвои кушташудаи толибон мунтазам ба Дубай рафтуомад карда, ду бор дар Эрон будааст25-05-2016, 14:30
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои Ҳаракати радикалии «Толибон» мулло Ахтар Мансур, ки дар Покистон бар асари ҳамлаҳои ҳавоии Иёлоти Муттаҳидаи Америка нобуд карда шуд, бо истифодаи шиносномаи қалбакӣ 18 маротиба ба Дубай рафта, ду бор дар Эрон будааст.
Мансур рӯзи шанбеи 21 май дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишини ИМА болои мошине, ки роҳбари толибон дар қаламрави Покистон ҳаракат дошт, аз байн бурда шуд. Исломобод нисбати ин амали ИМА норозигӣ баён карда, ҳамлаи мазкурро халалдоркунии истиқлолияти кишвар маънидод кардааст. Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Покистон хабар додааст, ки дар маҳалли зарбаҳои ҳавоӣ ба номи Валӣ Муҳаммад шиноснома бо раводиди муҳлатдори эронӣ дарёфт шудааст. Маълум гардидааст, ки соҳиби шиноснома дар рӯзи зарбаи ҳавоӣ аз Эрон ба Покистон баргашта будааст. Теҳрон ин хабарро рад мекунад. «Валӣ шиносномаи покистонӣ дошт ва ӯ ба воситаи он ва раводиди Эрону Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб-идора.)», гуфтааст, воломақоми ниҳоди тафтишотӣ. Ба гуфти ӯ шиноснома ба он шахс дар шаҳри Кветтаи Покистон ду маротиба-соли 2006 ва дар моҳи октябри соли 2011, баъди хатми муҳлати аввалӣ дода шудааст. Муҳлати шиносномаи дуюм то моҳи октябри соли 2016 будааст. Маҳз дар ҳамин шаҳр пешвои эҳтимолии Толибон корти шаҳодатномаи шахсият гирифта будааст. Соҳиби шиноснома дӯстдори сайру саёҳат будааст. Ӯ бо ин мақсадҳо асосан фурудгоҳи Карочиро истифода мекардааст. Ҳамчунин як маротиба фурудгоҳи Кветтаро барои парвоз интихоб кардааст. Дар соли 2006 маротибаи аввал сафари нахустинашро тариқи парвоз аз Дубай ба Карочӣ анҷом додааст. «Ӯ 18 маротиба бо раводиди амалкунанда аз тариқи фурудгоҳи Карочӣ ва як маротиба аз тариқи Кветта аз Дубай дидан карда будааст. Мо ҳеҷ фаҳмида наметавонем, ки ҳадафи сафарҳои ӯ ба Дубай аз чӣ иборат будаанд»,- афзудааст, ҳамсуҳбати нашрияи РИА.ру. Он чизе, ки ба сафари Эрон иртибот дорад, ин аст, ки он ду маротиба ва ҳарду дар соли 2016 сурат гирифтааст. Аввал ӯ ба Эрон аз тариқи шаҳри марзии Тафтан 19 феврал омада, 10 март баргаштааст. Аз ҳамин хати сайр 25 апрел баргашта, 21 май ба Покистон омадааст. Дар ҳамон 21 май сарҳадро гузашта, дар Тафтан ба автомобил нишаста, ба Кветта раҳсипор шудааст. Шиносоии ҷасад, ки ба беморхонаи низомии (госпитали) шаҳри Кветта интиқол дода шудааст, ҳанӯз анҷом наёфтааст. Назар ба гуфтаи сарчашмаҳои нашрия ягон нафар аз хешу ақрабо барои шинохтани ҷасад наомадааст. Тавассути мушоҳидаи зоҳирӣ шинохтани ҷасад душвор аст, зеро ки бар асари ҳамлаи ҳавоӣ он хеле зиёд сӯхтааст, афзудааст ҳамсуҳбати нашрия. Бинобар ин, қарор карда шуд, ки таҳлили ДНК гузаронда шавад, ки ин кор дар Исломобод сурат хоҳад гирифт. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.