
ТҶҶ «Созандагони Ватан» марҳилаи дуюми чорабиниҳои худро ба пешгирии гароиши ҷавонон ба гуруҳҳои ғайриқонунии фаъолияташон мамнуъшуда, равона месозад. Бо ин мақсад силсилаи мулоқотҳо бо донишҷӯёни макотибҳои олии ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Марҳилаи дуюми чорабиниҳо аз толорҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номии академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии бизнес, сиёсат ва ҳуқуқи Тоҷикистон оғоз гардид.
Зимни баргузории чорабинӣ, ба донишҷуён оид ба ҳадафҳои аслии ҳизбу гуруҳҳои экстремистию террористӣ гуфта шуд. Ҳамзамон дар бораи омилҳои таъсиррасони онҳо ба тафаккури ҷавонон ва роҳҳои эмин доштани худ аз ин падидаҳои номатлуб матраҳ гардиданд.
©hamsafon.tj