Дар Ҷидда Созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои A ва F» ба имзо расид17-05-2017, 16:14
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
ДУШАНБЕ, 17.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар арафаи ҷаласаи солонаи раёсати роҳбарикунандаи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ маросими баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои татбиқи лоиҳаи «Сохтмони роҳи мошингузари Кӯлоб- Қаълаихумб, минтақаҳои А ва F» баргузор гардид. Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани шароити зиндагӣ, мусоидат ба рушди иқтисодии Тоҷикистон тавассути таъмини хизматрасонии боэътимоду мустақими нақлиётӣ дар тамоми фаслҳои сол миёни минтақаҳои ғарбӣ ва шарқии Тоҷикистон мебошад. Илова бар ин, лоиҳа ба беҳтар намудани робитаи нақлиётӣ ва рушди тиҷорат бо кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Хитой, Покистон ва Қирғизистон нигаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур сохтмони роҳи мошингузарро бо ду хати ҳаракат ба масофаи 58 километр пешниҳод кардааст, ки 32 километри он ба минтақаи А (байни Кӯлоб ва Ш. Шоҳин) ва 26 километри роҳ ба минтақаи F (байни Шкев ва Қалъаихумб) рост меояд. Маблағи умумии лоиҳа 115,50 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин маблағ 20 миллион доллари ИМА қарзи Бонки Исломии Рушд мебошад. Татбиқи лоиҳа моҳи июли соли 2017 оғоз гардида, соли 2022 ба анҷом мерасад. Созишномаро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Бонки Исломии Рушд президенти он Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба имзо расониданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.