Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард

Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард

27-10-2017, 08:53
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
 Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард

ДУШАНБЕ, 27.10.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар доред, Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао 25-уми октябр бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар доираи ин сафари худ аз Кӯли Сарез ва Неругоҳи барқи обии «Норак» боздид ба амал овард.

Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дода, табиати зебою нотакрори кишвари моро биҳишти кашфношуда дар рўи замин арзёбӣ намуд.

Тавре Такехико Накао иброз дошт, «Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сайёра пешсаф буда, бо иқдому ташаббусҳои бузурги башардўстона дар масъалаи об ва дигар масоили умдаи байналмилалӣ Сарвари Давлати Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон шахсияти шинохта мебошад».

Зимни боздид аз Кули Сарез ва Нерўгоҳи барқи обии «Норак» Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао, ки ҷиҳати иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо ва ҷаласаи 16-уми Конфиренсияи вазирони Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, зикр намуд, ки ҶТ дар миқёси Осиёи Марказӣ аз захираҳои обӣ бойтарин давлат мебошад. Кули Сарез, ки яке аз бузургтарин манбаъи оби мусаффо дар ҷаҳон маҳсуб меёбад, бо табиати дилфиреб ва нотакрораш диққати коршиносони масоили ҷаҳонро ҷалб намудааст. Ҳангоми боздид аз Нерўгоҳи барқи обии «Норак» Такехико Накао изҳор дошт, ки сарватҳои ғании обӣ ва гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки дар олам яке аз бузургтаринҳо ба шумор мераванд, дар ҳолати самаранок ба кор андохтанашон метавонанд барои ҳамаи кишварҳои минтақа манфиати зиёди иҷтимоиву иқтисодӣ оранд. Ҳамасола дар Тоҷикистон 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад, ки ин тақрибан 60 фоизи ҳаҷми оби дарёҳои минтақаро ташкил медиҳад.

Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ба ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» муҳим ва башардўстона арзёбӣ кард.

Бонки Осиёи Рушд ҳамчун шарики стратегӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1998 инҷониб дар татбиқи лоиҳаҳои гуногун, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ, энергетика ва рушду инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Ҳаҷми маблағгузории бонки мазкур то имрўз қариб 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил додаст. Дар баробари ҳамкориҳои судманди дуҷониба Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд ҳамчунин дар доираи татбиқи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016-2020 ва Барномаи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ робитаҳои густурдаи молиявию сармоягузорӣ дорад.

Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ на танҳо аҳамияти ҷумҳуриявӣ, балки аҳамияти бузурги минтақавӣ доранд. Дар айни ҳол лоиҳаҳои гуногун дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва маблағгузории хурд ба маблағи умумии беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ татбиқ шуда истодаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: