Баррасии моҳият ва аҳамияти лоиҳаи «CASA-1000» дар Душанбе11-05-2016, 15:54
Хабарро хонданд: 408 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиш дар мавзӯи «CASA-1000» ва дурнамои ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ» дар бинои Китобхонаи миллӣ ба кори худ шурӯъ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, дар кори ҳамоиш намояндагони чор кишвари иштироккунандаи Лоиҳаи «CASA-1000» – Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар сатҳи вазирон, ҳамчунин роҳбарони баландпояи шарикони лоиҳа — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, намояндагони ҳукуматии Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ, ташкилоти Паймони неру ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок доранд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷанбаҳои гуногуни иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва рӯзмарра будани татбиқи лоиҳаи «CASA-1000»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Хотиррасон мешавем, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи лоиҳаи «CASA-1000» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Раиси Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков баргузор мегардад. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.