Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

5-05-2017, 16:07
Хабарро хонданд: 482 нафар
Назарҳо: 0
Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
ҶАББОР РАСУЛОВ.Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №АП-867 аз 25.04.2017, 5 май гурӯҳи корӣ бо сарварии муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода иштирокчиёну маъюбони ҷанг аёдат аёдат шуда, ба онҳо кумакпулии якдафъаина ва кумаки моддӣ супориданд.
Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Саидмурод Фаттоҳзода аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷангро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба онҳо се ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорид. Ҳамчунин раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ба ҳар кадоми онҳо 1500 сомонӣ кумакпулии якдафъаинаи Раиси вилояти Суғд ва 1200 сомонӣ кумакпулии раиси ноҳия супорида шуд. Бояд гуфт, ки алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанг зиндагӣ доранд. Аз ҷумла, 8 нафар иштирокчиёну маъюбони ҷанги дуюми ҷаҳон ноҳияро гурӯҳи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аёдат намуд. Се нафари дигар аз сабаби беморӣ дар хонаҳояшон аёдат карда шуданд.


Ба собиқадорон кумаки якдафъаинаи Пешвои миллат супорида мешавад
Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
СУҒД. Ба муносибати 72-солагии Рӯзи Ғалаба ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистон аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки молии якдафъаина тақдим карда шуд. Кумак аз тарафи муовини якуми Раиси ҲХДТ Саидмурод Фаттоҳзода ба собиқадорони ҷанг дар фазои тантанавӣ тақдим гардид. Бояд зикр кард, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба бо Амри навбатии худ ба ҳар кадом аз собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (ҶДҶ) ва коргарони ақибгоҳ 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо намуданд.
Тақдими кумакпулии якдафъаина ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ
Ин кумаки Пешвои миллатро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорони ҷанг мерасонанд. Ғайр аз ин, Сарвари давлат ба ҳамаи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур додаанд, ки бо назардошти имконоти худ ба таври иловагӣ ба собиқадорони ҷанг кумак расонанд.

Сарфароз
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: