Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шӯрои собиқадорони ҲХДТ таъсис дода шуд

Шӯрои собиқадорони ҲХДТ таъсис дода шуд

14-01-2016, 15:47
Хабарро хонданд: 442 нафар
Назарҳо: 0
Шӯрои собиқадорони ҲХДТ таъсис дода шуд
Дирӯз таҳти раёсати Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода маҷлиси тадорукотии Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барпо гардид. Мавсуф зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба таври густурда роҳандозӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад, то ки ҳадафу ғояҳои созандаи ҳизб ва давлату ҳукуматро ба қишрҳои мухталифи ҷомеа фаҳмонад ва ҷиҳати татбиқи онҳо иқдом намояд.

Дар ин росто, Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки бо Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб таъсис дода шудааст, метавонад нақши муассир ва арзишманд дошта бошад.

Собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷумлаи гурӯҳҳои фаъолу содиқ ва устувору собитқадами ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо дар ҳолатҳои барои миллат ва давлат душвору сарнавиштсоз зери роҳбарии хирадмандонаи Раиси ҳизб, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи ғояҳои низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби роҳбари муаззами мамлакат муайяну мушаххас гардидаанд, саҳми худро гузоштаанд. Мо эътимод бар он дорем, ки ташкилотҳои ҳизбӣ маҳорату таҷрибаи собиқадорони ҳизбро минбаъд низ дар корҳои рӯзмарраашон ба таври самарабахш истифода мебаранд.

Чуноне ки пешвои ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ба таърихи 4 декабри соли 2015 қайд намуданд: “Мо бояд нисбати собиқадорони ҳизб бетафовут набошем. Таҷрибаи онҳоро ҳамаҷониба истифода карда, дар синни нафақа нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир кунем. Бояд собиқадорон дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ муттаҳид карда шаванд ва дар мактаби маҳорату истеъдодашон кадрҳои ҷавон тарбия гиранд.”

Тибқи дастури Раиси ҲХДТ фаъолияти Шӯро бояд ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар бобати тарбияи ҷавонон, тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат ба манфиати миллат ва ҷомеаи кишвар мавриди истифода қарор дода шавад.

Вобаста ба талаботҳои Низомнома ин ниҳоди ҷамъиятии ҳизб фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо Дастгохи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Бовари дорем, ки Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарбияи сиёсию маърифатӣ ва ахлоқию маънавии ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, тарғиби ҳамаҷонибаи Оиннома ва барномаҳои ҳизб бо фаъолияти ибратомӯз, истифодаи таҷрибаю малака ва кордонии аъзоёни худ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан саҳми муносиби худро мегузоранд, афзуд С. Фаттоҳзода.

Баъдан дар ҷаласа дар асоси Низомномаи Шӯро масъалаҳо оид ба ҳайати Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар бораи таъини Раис, муовинон ва котиби Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақшаи кории Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба рушди ахлоқу маънавиёт ва пешгирии омилҳои ифротгароии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бо маслиҳат ва пешниҳоди Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Руқия Қурбонова Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб, Амиршо Миралиев, Давлаталӣ Давлатзода, Сафар Сафаров муовинони Раиси Шӯро ва Латофат Шарифова котиби Шӯрои собиқадорон интихоб шуданд.
©Усмон Солеҳ, сухангӯи ҲХДТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: