Қадршиносӣ бахшида ба Иди Ғалаба8-05-2017, 11:32
Хабарро хонданд: 264 нафар
Назарҳо: 0
Панҷ. Солҳо мегузаранд, вале қаҳрамониву ҷонфидоии падарону бобоёни мо дар чанги Бузурги Ватанӣ ҳеҷ гоҳ фаромуш намешавад. Ҳаёти ибратомӯзи онҳо барои насли имрӯзу фардо дарси зиндагӣ мебошад. Бо ин хотир рӯзи 5 майи соли 2017 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳафтаи «Аёдат аз солмандон» бахшида ба Иди Ғалаба бо собиқадорони ҷанг ва пирони барҷомонда, ки дар шаҳраку деҳоти ноҳия зиндагонӣ мекунанд ба аёдати онҳо рафта, аз холу аҳволи онҳо бохабар шуданд. Ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои пуливу молӣ расонида шуд. Аз ҷумла дар ҳамин рӯз аз ҷониби Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки айни ҳол дар қайди ҳаётанд ба миқдори 3 ҳазор сомонӣ ба ҳар яки онҳо тақдим карда шуд. Дар навбати худ собиқадорони ҷанг аз корнамоиҳову ҷонфидоии худ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо шавқу завқи зиёд нақл намуда, аз сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар ин кори хайр фаъолони ҳизб ва соҳибкорони саховатпешаи ноҳия саҳмгузорӣ намуданд. КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.