DataLife Engine > Дар мади назар > ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ОСОИШТА


27-04-2017, 14:40. Разместил: orifi
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ОСОИШТА

Бахшида ба 20-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафолати ҳаёти осоишта» доир гардид. Дар кори конференсия олимону устодон ва шогирдони донишкада ширкат варзиданд.

Конференсияро муовини директор оид ба илм Турсун Холматов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Аксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.

Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.

Номзади илмҳои педагогӣ, раиси шӯрои собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарипов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдат ва хамдигарфаҳмии ҳалқҳои Тоҷикистон» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.

Доктори илмҳои таърих, профессор, мудири кафедраи таърихи ватани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ваҳҳоб Набиев зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат- тахкимбахши истиқлолият» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон- ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.

Котиби масъули Шӯрои ҳаркати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мавлуда Шарипова зимни маърӯзаи худ иброз дошт, ки соли равон аз таъсиси ҳаракати мазкур 20- сол сипарӣ мешавад ва нақши ин ниҳоди ҷамъиятӣ дар бедорсозии афкор ва шуури сокинон дар мавриди сабақҳои таърихии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле калон аст. Нашри китоб ва даҳҳо мақолаҳо, вохӯриҳои судманд бо сокинон арзиши ин санаи муҳими таърихиро боз ҳам болотар бурд. Имрӯз сокинони кишвар бо шукрона аз тинҷиву осоиштагӣ нақши Сарвари давлатро дар таҳкими сулҳу осоиштагӣ хеле олӣ арзёбӣ мекунанд.

Номзади илмҳои таърих, устоди ДПДТТ Мӯътабар Ғозиева дар мавзӯи «Ваҳдати тоҷикон ва аҳамияти байналхалқии он» суханронӣ намуда, баён дошт, ки вазъи ногувори сиёсии солҳои навадум зарурияти таҳияи тафаккури нави сиёсиро ба вуҷуд овард. Зеро буданд, қувваҳое, ки бо истифода аз фазои холии сиёсӣ манфиатҳои иқтисодиву сиёсиии худро ба сари мардум таҳмил намоянд. Дар он лаҳзаҳои барои миллати мо душвору сангин кишварҳои ба мо дӯст- мисли Русияву Ӯзбекистон, ки тарафдорони сохти конститутсионӣ буданд, кӯмакҳои худро дареғ намедоштанд. Аммо ҷавҳари аслии хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ ин ҳамдигарфаҳмии тамоми сокинони минтақаҳои кишвар буд. Яъне, ваҳдат нишонаи ақлу тафаккури баланди мардуми тоҷик аст.
Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ зимни баромади хеш гуфт, ки ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар қатори дигар санаҳои таърихии кишварамон барои ҳар яки мо азиз аст. Агар ҳамин сулҳ барпо намешуд, кӣ медонист, ки имрӯз мамлакати мо дар кадом муҳит қарор мегирифт. Аз ин рӯ, ҳар чи қадар мо аз рӯзи барқарорсозии сулҳ дур гардем, ҳамон қадар ба қадри сулҳу осоиштагӣ мерасем. Ба андешаи Наим Маликисломӣ ваҳдати миллӣ-ин афзал донистани манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ аст, зеро ҳеҷ як аз манфиати шахсӣ ё гурӯҳӣ дар алоҳидагӣ берун аз доираи манфиатҳои миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Аз ин нигоҳ, ваҳдати миллӣ омили ҳастии миллат ба шумор меравад.

Дар қисмати дуюми кори конференсия дар бахшҳои алоҳида мақолаҳои устодон дар мавзӯи ваҳдат баррасӣ гардиданд.
Бо ҳамин конференсияи илмӣ- амалӣ анҷом ёфт.




Вернуться назад