Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Гузориши мухтасар аз ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Гузориши мухтасар аз ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

26-06-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Гузориши мухтасар аз ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи ТоҷикистонДар ҷаласаи навбатии муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки дар остонаи ҷашни мубораки ваҳдати миллӣ барпо гардид, масъалаи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариш бахшидани Ваҳдати миллӣ ва баррасии нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки ба даст овардани сулҳу суботи саросарӣ, оромию осоиштагӣ, раҳоӣ аз буҳрони амиқи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, муаррифии Тоҷикистони азиз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо номи шарафманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқамандии зич дорад. Натиҷаи ҳамин аст, ки вакилони мардумӣ дар парлумони мамлакат ва кулли сокинони ҷумҳурӣ ба нишони эҳтирому эътироф ва арҷгузорӣ Ҷаноби Олиро ба сифати меъмори ваҳдат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, пазируфтанд, ки натиҷаи чунин гиромидошт қабул ва ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат” мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷасорату далерӣ ва матонату фидокориҳояш мардуми шарифи Тоҷикистон ба сулҳу суботи саросарӣ расид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гувоҳи барҷастаи ин воқеият аст. Мо имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки маҳз ҳамин сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд, ки иқтисоди кишварамонро аз буҳрони шадид бароварда, барои зиндагонии хушу ором ва осудаи сокинони ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам биёрем. Таҷрибаи сулҳофарии мо низ барои ҷаҳониён бахусус барои кишварҳое, ки гирифтори низоъҳои дохилӣ ҳастанд, намунаи беҳтарини омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарфи назар аз он ки имрӯз ҷомеаи мо роҳи демократии пешрафтро интихоб намудааст ва одамон ба озодандешию ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳояшон талош варзида, эътиқодоти мухталиф ва равияҳои гуногуни сиёсиро пайравӣ мекунанд, аммо ғояи маънавию мафкуравии мо ваҳдат, ягонагӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ободии Ватан ва таҳкими ҳамаҷонибаи давлатдориамон мебошад.

Ба таъкиди Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “ҳар шахси бо нангу номус, ҳар фарде, ки бо ватани азизаш-Тоҷикистон ифтихор мекунад, кулли сокинони кишвар ва ҳамаи тоҷикони бурунмарзӣ, ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд манфиатҳои миллат ва давлати соҳибихтиёрамонро аз манофеи гурӯҳию сиёсӣ ва мазҳабию динӣ болотар гузоранд, зеро ки давлату ҷомеа ҳамеша ва дар ҳар давру замон ба эҳтирому арҷгузории арзишҳои умумимиллӣ ниёзманд мебошад”.

Бояд гуфт, ки таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа аз масъалаҳои ҳаётан муҳими мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Барои анҷоми ин амри муқаддас ҳанӯз аз давраи барқарории ҳокимияти конститутсионӣ, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта буд, то ба имрӯз иқдомҳои шоиста ва муассире амалӣ гардонда шуд.

Ваҳдати миллӣ омили асосии пешрафти ҷомеа, рушди иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардум маҳсуб меёбад. Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад.

Аз ин лиҳоз, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад. Ҳамин рисолатро роҳбарияти кишвар имрӯз бар дӯши мо вогузор намудааст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки вазифаҳои худро сарбаландона ва садоқатмандона ба иҷро расонем.

Имсол тантанаҳои асосии ҷашни мубораки Ваздати миллӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мегардад. Намояндагони тамоми табақаҳои аҳолӣ аз саросари кишвар ба ин диёри домони гардун ташриф меоранд ва дар якҷоягӣ бо суруру шодмонӣ ва ифтихороти беандоза базми ваҳдату дӯстӣ меороянд.

Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов лар бораи нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму густариш бахшидани Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд.

Баъдан аъзои Шӯрои куҳансолон Акбаршоҳ Искандаров, Абдунабӣ Сатторзода, Абдусамад Самиев, Назри Яздон ва дигарон оид ба масъалаҳои мавриди баррасӣ фикру назариёти худро баён дошта, барои пешрафти корҳо пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.

Дар ниҳоят ҷиҳати танзими фаъолият ва вусъат бахшидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ҷаласаи муштараки Кумитаи иҷроия ва Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.
Усмон Солеҳ, harakat.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: