
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино 20-уми апрели соли ҷорӣдар Маркази саломатии шаҳрии №7 вохӯрӣ оид ба пешгирии хушунат дар оила, никоҳи хешутаборӣ ва гузаштан аз муоинаи тиббии пеш аз ақди никоҳ бо кормандони соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он Шарифа Қурбонзода - мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино, Мавзуна Мадаминова – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Гулнора Ҷабборова-мудири шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №7иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавзуна Мадаминова – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синовохӯриро ифтитоҳ бахшида, дар хусуси амалҳои номатлуби матраҳшуда ибрози назар намуд ва аз ҷудошавии оилаҳои навбунёд, мушкилоти рӯзмарраи оилавӣ ва дигар монеаву масъалаҳои оиладорӣ изҳори нигаронӣ Шарифа Қурбонзода - мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино,ШарифаҚурбонзода ва Гулнора Ҷабборова-мудири шуъбаи тибби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №7ба нақши волидон дар таълиму тарбияи фарзанд ва муассисаву кўдакистонҳо таваҷҷӯҳ зоҳир карда, қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро аз ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва хоса Президенти кишвар арзёбӣ карданд. Тавре аз гуфтаҳои онҳо бармеомад, ғамхорӣ дар ҳаққи оила, ки дар он манфиатҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ, миллӣ ва шахсӣ ҳимоя мешаванд, яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба ҳисоб меравад.
Коста гардидани рафоқат, самимият ва ҳурмати якдигарӣ байни зану шавҳар, пайдо шудани ҳасрату надомат, мушкилоти зиёди хонаводагӣ, якдигарнофаҳмӣва ба ин васила барҳам хӯрдани лаззати зиндагӣ, роҳату фароғат ва муҳаббати фарзандон аз мавзӯъҳое буданд, ки масъулин ба онҳо дахл карда, барои пешгирии ин гуна амалҳо волидон, кӯдакистону муассисаҳо ва тамоми қишрҳои ҷомеаро масъул шумориданд.