Матлаби мо гавҳари ибрат ба даст овардан аст…6-04-2017, 10:42
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Бе ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои ҳамешагӣ аз зиндагӣ ком ёфтан амре маҳол ва орзуе ботил аст. Ин ҷо аз мавриди муносиб истифода бурда қайд карданиам, ки ҳар кас дар ҳама давру замон вобаста ба донишу ҳунар ва қудрату тавони хеш дар ҳалли масоили гуногуни ҷомеа мустақилона кору амал менамояд. Ҳарчанд гузашти даҳ сол назди таърих аз баҳр қатраеро монад ҳам, вале нашрияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе «Мароми пойтахт» тавонист дар ин муддати хеле кӯтоҳ рисолаташро то ҷое ба иҷро расонад. Ҷавҳари аслии барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»-и кишвар аст, ки нашрияи «Мароми пойтахт» ба сифати як минбари таблиғгари манфиатрасон бо истифода аз фурсати начандон зиёди вақт ба мазмуну муҳтавои ин ҳастӣ ташаккулу омезиши тоза бахшид. Мусаллам аст, ки дар тарбияи суннатии миллати тоҷик маърифати зеҳнӣ ва хиради воло мавқеи аввалиндараҷа дорад. Баррасии муҳимтарин масъалаҳои манфиатрасон, пешниҳод ва роҳи ҳалли мушкилоти ҷойдошта, инчунин саҳифаҳои рангину фароғатбахш яке аз масоили умдатарини кори ҳайати эҷодии нашрияи «Мароми пойтахт» аст. Болотар аз ҳама, инъикоси фаъолияти босамари кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҳудуди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва амалисозии барномаи онҳо барои ташкилоту кумитаҳои навтаъсис ҳамчун манбаи омӯзиши таҷрибаи пешқадам гардид. Тибқи таҳлили олимону коршиносон маҳсули эҷодии наку метавонад инсонро дар ҷомеа соҳиби мавқеъ ва нуфузи хоса гардонад. Ҳамакнун, баъди соҳибистиқлолии Ватан ин нашрияи ҳизбӣ ба даҳсолагӣ расид ва дар соҳаи матбуоти миллӣ аз ҳастияш дарак дод. Бо натиҷагирӣ аз омилҳои зикргардида чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуд, нашрияи «Мароми пойтахт» дар ин реша метавонад ба сифати як минбари ҷавони таблиғгар мавқеъ ва имкониятҳояшро рушду тавсеаи тоза бахшад. Албатта, ин ҳама мову мангӯиҳои моро хонандаи бедордилу нозуктабъ дар ин марҳилаи шаклгириву тақвиятсозии навин қабул карду пазируфт, вале ба сифати як корманди масъули нашрия мутмаинан иброз медорам, ки шурӯъ аз ин пас сатҳу сифат, мазмуну муҳтаво ва дар маҷмӯъ саҳифаҳои он беҳтару хубтар хоҳад шуд. Ҳақназар Каримзода, сармуҳаррири нашрияи «Мароми пойтахт» |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.