Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ғолиби Ҷоми Аврупо гардида, медали тилло ба даст овард!

Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ғолиби Ҷоми Аврупо гардида, медали тилло ба даст овард!

6-04-2017, 08:47
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов ғолиби Ҷоми Аврупо гардида, медали тилло ба даст овард!
ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони навраси тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар раддабандии ҷаҳон байни наврасон дар вазни то 81 кг пешсаф аст, дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон (European Judo Union) дар шаҳри Тулаи Федератсияи Россия ғолиб гардид.
Ҷаҳонгир чор рақобат гузаронида, дар ҳамааш ғолибият ба даст овард. Ҳарифони ӯ Мансур Лорсанов, Размик Барави (ҳар ду аз Россия) ва Избассар Ералиев (Қазоқистон) буданд. Дар қувваозмоии финалӣ Ҷаҳонгир Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон шикаст дод.
Бояд зикр кард, ки Ҷаҳонгир Маҷидов ҳоло дар раддабандии ҷаҳонии наврасон дар вазни 81 кг бо 282 хол ҷойи аввалро ишғол менамояд.
Дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон, ки дар шаҳри Тула (Tula Cadet European Cup-2017) баргузор гардид, дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии мураббӣ Русқидин Раҷабов ҳамчунин Муҳаммадсино Баҳодурзода (55 кг), Фаррух Файзализода (55 кг), Сафарғанӣ Қурбонбеков (60 кг), Сироҷиддин Бобоев (60 кг), Абдулло Неъматов (66 кг), Ҷамолиддин Абдуллоев (66 кг), Суруш Тавакалов (66 кг), Хушвахт Идиев (81 кг), Меҳроб Тағоймуродов (81 кг) ва Масъуд Мунавваров (90 кг) иштирок намуданд. Аз варзишгарони кишвар ба ғайр аз Ҷаҳонгир Маҷидов, Муҳаммадсино Баҳодурзода ва Ҷамолиддин Абдуллоев ҷойи нуҳумро ишғол карда, натиҷаҳои беҳтар нишон доданд. Дар ҳисоби даставӣ варзишгарони Россия бо 41 медал (10 тилло, 12 нуқра ва 19 биринҷӣ) ғолиб шуданд. Дастаи мунтахаби Гурҷистон (2-3-1) ҷойи дуюм ва Италия (2-0-3) ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон бо 1 медали тилло баъд аз Беларус (1-0-2) ҷойи 5-умро соҳиб шуд.
Дар мусобиқаи имсолаи Ҷоми Аврупо 323 варзишгар (207 писар ва 116 духтар) аз 16 кишвар иштирок доштанд. Ҳамагӣ 16 маҷмӯи медалҳо ба мусобиқа гузошта шуда буданд. Дар пеш дзюдочиёни навраси тоҷикро мусобиқаи наврасон дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон, ки 13-14 май доир мегардад ва Чемпионати Осиё байни наврасон, ки 15-16 июл дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор мешавад, интизоранд.

ДАР АКС: Ҷаҳонгир Маҷидов (аз чап дуюм) дар зинаи ифтихорӣ.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: