Паҳлавони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра гардид1-06-2017, 08:20
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
/АМИТ«Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Саидҷамол Алимардонов дар Ҷоми ҷаҳон оид ба «казах куреси», ки 25-28 май дар деҳаи Оқсуати ноҳияи Тарбагатайи вилояти Қазоқистони шарқӣ баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. Ӯ дар вазни то 90 кило баъди пирӯзӣ бар Давид Саркисян аз Арманистон дар даврҳои баъдӣ Денис Эммерти россиягӣ ва Семён Ракитаи украиниро мағлуб кард. Вале Саидҷамол Алимардонов дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Беҳзод Аҳмадбекови қазоқистонӣ шикаст хӯрда, мақоми дуюмро касб намуд. Ин мусобиқа бо иштироки варзишгарони 22 кишвар, аз ҷумла 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ- Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Лаҳистон, Литва, Озарбойҷон, Россия, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина ва Эстония, инчунин Дания, Муғулистон, Олмон, Туркия, Чин, Ҷумҳурии Чех ва Ҳиндустон баргузор шуд. Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи Тоҷикистон се варзишгар- Асадулло Тоиров (-70 кило), Саидҷамол Алимардонов (-90 кило) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+90 кило) дохил буданд. Мусобиқа аз рӯи қоидаҳои гӯштии миллии қазоқҳо дар се вазн (-70, -90 ва +90 кило) бо ҳузури беш аз ҳафт ҳазор тамошобин барпо гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.