Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Муроҷиатномаи ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

17-09-2015, 10:00
Хабарро хонданд: 312 нафар
Назарҳо: 0
Муроҷиатномаи ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Мусаллам аст, ки озодӣ ва истиқлолият барои инсон яке аз неъматҳои бузургест, ки Худованд дар Қуръони азимушшаън бар он таъкид карда, чунин мефармояд: «ҳароина инсонро соҳибихтиёр офаридем». Воқеан, озодӣ аз ҷумлаи муқаддасотест, ки дар заминаи он ободӣ, фаровонӣ, хештаншиносӣ, осоиштагӣ, сулҳ, ваҳдат ва дигар арзишҳои барои зиндагии шоистаи инсон мусоид фароҳам меояд. Арҷ нагузоштан ба озодиву истиқлолият куфр он неъмат маҳсуб шуда, афроде, ки ин неъмати атоиро пос намедоранд, ба лаънати Худову бандагони ӯ гирифтор хоҳанд шуд.
Халқи бофарҳангу бунёдкори Тоҷикистон барои истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии ватану миллат солҳо муборизаву ҷонбозиҳо намуда, инак тӯли 24 сол аст, ки аз ин неъмати бебаҳо бархурдор гардадиааст ва дар фазои озоду оромиш кору зиндагӣ менамояд.
Дастоварду комёбиҳои халқи тоҷик, пешрафту тараққиёти кишвар дар давоми ин солҳо бузургу камназир аст. Тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ривоҷу равнақ ёфта, пешрав гардидаанд, аммо дар ҷамъияти имрӯзаи мо ашхоси нотавонбине ёфт мешаванд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоӣ, ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ, сериву фаровонӣ, оромиву осудагии мардумро чашми дидан надошта, ба он бо назари кинаву ҳасад менигаранд. Ба шумули ин афрод муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзоро метавон дохил кард, ки бо амали ноҷавонмардонаву номатлуби худ дар таърихи 4-уми сентябри соли 2015 фазои ҷомеаи орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор кард.
Кирдори ҷинояткорона ва хоинонаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки дар баробари корманди давлатӣ буданаш, узви фаъоли Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон низ мебошад, на танҳо барои мо аҳли маориф, балки барои тамоми сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон амали номатлуб маҳсуб шуда, гуноҳи нобахшиданист.
Имрӯз, халқи шарифи Тоҷикистон дар симои Назарзода А.М. душмани ҳақиқӣ ва дохилии кишварро мебинанд ва аз вай нафрат доранд. Шахсе, ки дар вазифаву мақоми баланди давлатӣ қарор дорад ва рисолаташ ҳифзи марзу бум, шарафу номус, якпорчагии меҳану миллат, ваҳдати миллӣ, оромиву осиштагии мардум аст, ба чунин кирдор даст задании вай амали нангин ва ҷинояти сангинест, ки ҳеҷ гоҳ қобили афву бахшиш нест.
Мо рафтори хоинонаву хасмонаи ин фарди манфурро сахт маҳкум намуда, аз мақомоти қудратии кишвар, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳони он ҳастем, ки ҷинояткор ҳарчӣ зудтар дастгир гардида, ба муҷозот расонда шавад, зеро ба қавли Сайидо:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдобхӯрад.

Бо эҳтиром ҳайати профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи НосирХусрав
Ҷамъ 440 имзо.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: