Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бури Воҳидов

Муроҷиатномаи кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бури Воҳидов

12-09-2015, 12:47
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Муроҷиатномаи кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бури Воҳидов
Дар тӯли 24 соли истиқлолият дар ҳаёти мамлакат тағйиротҳои куллӣ ба амал омад. Тоҷикистон ба сӯи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор гузошт. Сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа густариш ёфт.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас-ваҳдати миллиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарвари солимро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Аммо таърих нишон медиҳад, ки дар ҳар давру замон падидаҳои номатлуб дар дохили Ватани азизамон Тоҷикистон боқи монда, бо ҳар роҳу васила ин падидаҳои фасод симои ҳақиқии худро боз мекунанд. Манзур аз ин гуфтаҳо амалҳои хоинонаи муовини Вазири мудофиаи ҶТ генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзоро, ки санаи 4-уми сентябр ба ҷинояти мудҳиш даст зад, дар назар дорем.
Амали ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо барои ҳар яки мо сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол нанговар буда, он боиси беобру намудани роҳбарияти Ҳукумати ҶТ дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мо ҳамагон огоҳ ҳастем, ки шуруъ аз соли 1997-ум Назарзода Абдуҳалим Мирзо дар вазифаҳои баланди ҳарбӣ кору фаъолият намуда, соҳиби рутбаи баланди ҳарбии генерал-майор гардида буд. Чи тавре, ки тариқи телевизион намоиш доданд ва ба мо маълум гардид, у соҳиби хонаҳои боҳашамат ва автомашинаҳои гаронбаҳои хориҷӣ мебошад. Магар ҳамаи ин нозу неъматҳо бо шарофати соҳибистиқлолӣ, тинҷиву оромӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати ҶТ нест?
Илова бар ин маълум гардид, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо яке аз аъзоёни фаъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), яке аз ҳизбҳои сиёсии ба расмият шинохтаи Тоҷикистон аст, мебошад. Содиршавии ҷиноятҳои вазнин аз ҷониби аъзоёни ин ҳизби сиёсӣ, ки вақтҳои охир ба мо маълум гардидаанд басо нангин буда, амалӣ ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо низ аз қабили онҳост. Бинобар ин, баста шудани фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ басо дуруст ва бамаврид аст.
Барои мо, кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов, ки беш аз 800 нафарро ташкил медиҳанд, идомаи оромиву ободии Ватанамон – Тоҷикистон ба мо чун обу ҳаво зарур аст ва мо намехоҳем, ки боз нооромиҳои солҳои 1992 сар занад. Аз ин рӯ, мо амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзоро, ки аз он бӯи ҷанг, нохушӣ, нооромӣ меояд, норозигии хешро баён намуда, онро пурра маҳкум менамоем. Амалҳои ҷиноии Назарзода Абдуҳалим Мирзо ба ҷуз хиёнат ба Ватан чизи дигаре нест.
Бинобар ин, мо аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи ҶТ ҳоҳиш менамоем, ки пеши роҳи амалҳои ҷиноии чунин гурӯҳои ҷинояткор дар симои Назарзода Абдуҳалим Мирзо, ки дар хиёнат ба Ватан ифода меёбад ҳарчи зудтар гирифта шуда, чунин ашхос ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Кормандони беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бури Воҳидов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: