Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

Муроҷиатномаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав

16-09-2015, 09:38
Хабарро хонданд: 380 нафар
Назарҳо: 0
Муроҷиатномаи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири ХусравРӯзи 4-уми сентябри соли 2015 ба амалҳои ҷинояткорона даст задани муовини вазири мудофиаи ҶТ, генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо моро ба қаҳру ғазаб овард. Ба амали нангин ва хеле шармовар – хиёнат ба Ватан даст задани мансабдори олирутбаи давлатӣ барои мо амали касиф ва разилона аст. Ин «ҳомии Ватан» ба рӯ ниқоб кашида, ба ҷойи дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми кишвар тарбият намудани мо барин насли ҷавон дар дил нисбат ба ҳамватанон ва хоки поки Тоҷикистон кинатӯзӣ мекунад, оромию осудагӣ ва тинҷию рӯзгори хуррамонаи ҳамватанонашро чашми дидан надорад. Бинобар ин номбурда ҳеҷ гоҳ соҳибватан нест, зеро заррае ба ин хоки аҷдодӣ тараҳҳум надорад ва танҳо дар фикри пиёда сохтани ормонҳои разилонаи худ аст:
Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дар ватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст.


Назарзода барин хиёнаткори ватанбезори Худонотарс ва пайравонаш дар 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз соҳиби хонаҳои бодабдаба, бӯстонсаро ва мошинҳои хориҷӣ шудаанд. Акнун бо ин низ қаноат карданӣ нестанд ва дар фикри аз охури баландтар ем хӯрдан афтодаанд, то ки сармояи бештар ҷамъ кунанд, зеро:
Роздони ҷузву кулл аз хеш номаҳрам шудаст,
Одам аз сармоядорӣ қотили одам шудаст.

(Муҳаммад Иқбол)


Гурӯҳи ҷиноии А. Назарзода, ҳаммаслакони ӯ ва аъзоёни фаъоли ҲНИТ, бехабар аз онанд, ки дигар мардуми сулҳдӯсту ваҳдатшиори Тоҷикистон фирефтаи ваъдаҳои хушку холӣ ва суханҳои болохонадори онҳо намешаванд. Ба қавли ҳазрати Саъдӣ:
Ман бозии фиреби шуморо намехӯрам,
Макри шумо ҳарифи шуурам намешавад
.

Акнун мардуми Тоҷикистон бесоҳиб нестанд. Дар атрофи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба сӯйи ояндаи дурахшон ва зиндагии олишон равонанд. Танҳо чашми бадкешон, бадтинатон ва сияҳдилонро кинаю адоват кӯр кардааст ва зиндагии шоиста, пешрафт ва гул-гулшукуфии Ватан – Тоҷикистони ба ҷон баробарро намебинанд ё мебинанду худро нодида нишон медиҳанд. Ҳазрати Бедил барои Назарзода барин кӯртинатон гуфтааст:
Бедил, аз шаҳпарак кайфияти аҳвол мапурс,
Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд.


Мо боварӣ дорем, ки ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ба халқу давлаташ хиёнат кардааст, фано хоҳад шуд ва мо ҷавонон – омодаем, ки ба муқобили чунин ашхоси хиёнатпеша ва нохалаф яроқ ба даст гирифта, «хас каму ҷаҳон пок» гуфта, пайи қадами номуборакашонро аз Ватан рӯфта партоем:
Хасми саркашро фано соз аз мулоимтинатӣ,
Оташи сӯзон надорад чора ҷуз мурдан дар об.


Абдуҳалим Назарзода бо ин амали нангини худ хостанд дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ обрӯи Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи ҷумҳуриро резонанд, ихлоси мардумро нисбат ба ин ниҳоди давлатӣ, ки омма онро пуштибон ва ҳомии худ мешумориданд, коста гардонанд, вале бехабар аз он, ки «Дарё палид менашавад аз даҳони саг». Охир, ба қавли Лоиқ:
Санге агар аз кӯҳ фитад, сад сангро беҷо кунад,
Марде чу номардӣ кунад, сад мардро расво кунад.


Бинобар ин, мо амали нангини Назарзода Абдуҳалим ва думравонашро маҳкум намуда, аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ хоҳиш менамоем, ки Назарзода А.М. ва ҳамроҳонаш барои кӯшиши ба зӯрӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҳамчунин фаъолияти ҲНИТ, ки Назарзода А.М. барин садҳо аъзоёнаш ба амалҳои даҳшатафканӣ ва тахрибкорӣ даст мезананд, боздошта шавад.
Бо эҳтиром, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
Ҷамъ: 3221 имзо.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: