Муроҷиатномаи аҳли зиёи шаҳри Қӯрғонтеппа8-09-2015, 12:30
Хабарро хонданд: 344 нафар
Назарҳо: 0
Мо аҳли зиёи шаҳри Қурғонтеппа пешрафти ҷомеаро бидуни тинҷиву оромии ватани биҳиштосо дар кору рафтори созанда мебинему ҳар як зарра хоки поки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ободӣ, соҳибистиқлолӣ, тинҷиву оромӣ ва зебогии афсонавии диёри хешро бо тамоми ҳастӣ эҳтиёт менамоем. Ба кишвари мо мардуми сарбаланду обруманди тоҷику тоҷикистонӣ бо шарофати истиқлолият ин неъмати бебаҳо насиб гаштааст. Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо - шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихор, вале бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт. Агар мо хоҳем, ки ояндаи Ватанро боз ҳам ободу осуда бинем, бояд пояҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшем. Ин вазифаи ватандорӣ ва қарзи фарзандии ҳар шаҳрванди баору номуси Ватан аст.
![]() Истиқлолият, сулҳу субот, оромӣ барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб мераванд. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Ҳар яки моро мебояд, ки ба қадри истиқлолият ва амнияти давлати кучакамон -Тоҷикистон расем. ©Аҳли зиёи шаҳри Қӯрғонтеппа |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.