Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОРО БА ДАСТ ОВАРД

ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОРО БА ДАСТ ОВАРД

14-03-2017, 12:42
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОРО БА ДАСТ ОВАРДСоли чорум аст, ки бо иқдоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» озмун доир карда мешавад. Озмуни имсола низ дар сатҳи баланд доир шуда, дар он 260 нафар донишҷӯёни соҳибистеъдоду навовар аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олӣ ширкат варзиданд. Онҳо аз рӯи фанҳои математика, физика, астрономия, химия, геология, биология, иқтисодиёт, технологияҳои иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ давоми рӯзҳои 10-11 дониш ва малакаи худро санҷиданд.
Шарафи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро дар ин озмун 5 нафар донишҷӯёни фаъол ҳимоя намуданд. Дар натиҷа донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар баробари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Маскав ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ба даст овардани як ҷойи аввал, як ҷои дуюм, як ҷойи сеюм ва ду ҷойи чоруму панҷум миёни муассисаҳои олии кишвар мақоми баландро соҳиб шуданд. Исматқулов Ҳасанҷон аз фанни информатика сазовори ҷойи аввал ва соҳиби Ҷоми Академияи илмҳо гардид. Бобоева Рухшона аз фанни иқтисодиёт ҷойи дуюм, Бобоҷонов Хуршед аз фани физика ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Комилов Дилшод аз фанни химия ҷойи чорум ва Толиббоев Шаҳзод аз фанни математика ҷойи чорумро ишғол намуда, бо «Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуданд.
ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОРО БА ДАСТ ОВАРД

Дар расми ҷамъбасти озмун Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишу малакаи донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баҳои баланд дода, фардои кишварамонро бо чунин ҷавонони пешқадаму масъулиятпеша дурахшон арзёбӣ намуд.
Ҷомеаи меҳнатии донишкада, шахсан директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ғолибонро бо ин музаффарият сидқан табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсили минбаъда барор хоҳонанд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: