Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ҲОМИЁНИ ВАТАН

28-02-2017, 15:35
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
ҲОМИЁНИ ВАТАНБо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ дар тинати ҷавонон ва омодагии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум ҳамасола бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмун таҳти унвони «Ҳомиёни Ватан» баргузор мегардад. Имсол низ ин чорабинӣ бошукӯҳ доир гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини директор оид ба тарбия Фаррух Аминов устодону шогирдонро ба муносибати солгарди Артиши миллии кишвар аз номи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода табрик намуд.
Сипас донишҷӯён аз рӯи панҷ шарт - саломнома, саволу ҷавоб, озмуни варзишии сангбардорӣ, муаррифии касби интихобкарда ва суруд, шеър ё рақс байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст Ҳасанов Сипеҳр, донишҷӯи курси 2, факултети муҳандисӣ- технологӣ сазовори ҷойи аввал, зинаҳои дуюм ва сеюмро Юлчиев Хушбахт, курси 3, факултети сохтмон ва нақлиёт, Бурҳонов Эҷод, курси 1, факултети информатика ва энергетика ва Обидов Санҷар, курси 2, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ ба даст оварданд.
Ба ғолибон муовини директор оид ба таълим Хуршед Мақсудов сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: