Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» ФЕСТИВАЛ ОЗМУНИ «ХУРӮШИ ҶАВОНӢ»

ФЕСТИВАЛ ОЗМУНИ «ХУРӮШИ ҶАВОНӢ»

19-05-2017, 15:44
Хабарро хонданд: 213 нафар
Назарҳо: 0
ФЕСТИВАЛ ОЗМУНИ «ХУРӮШИ ҶАВОНӢ»
Фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ», ки бахшида ба соли 2017- Соли ҷавонон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд рӯйи кор омадаву ҳадафаш дарёфти чеҳраҳои нав, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа мебошад, аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Чорабиниро директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баргузории чунин чорабиниро барои рушд ва такомули зеҳнӣ ва ҳунарии ҷавонон амри зарурӣ шуморид.
Сипас, донишҷӯёни донишкада аз рӯи шартҳои «бадеҳасароӣ», «рақс», «намоиши либосҳои муосир ва миллӣ», «сюитаи овозию рақсӣ» баромад намуда, ҳунари баланд нишон доданд.
Ба ҳайати ҳакамон бадеҳсароии донишҷӯи курси 3 Фараҳманд Каримов ҳамроҳи сарояндаи ансамбли эстрадии «Садои Суғд»-и назди Кохи фарҳанги ба номи Рӯдакӣ Гуласал Пӯлодова, рақс бо номи «Атлас» дар иҷрои гулдухтарони донишкада ва корманди Кохи Рӯдакӣ Нодира Ёқубова ва сюитаи овозию рақси таҳти унвони «Ваҳдатсарои Ватан» хеле писанд афтод.
Дар фарҷом ҳайати ҳакамон барои ташкилкунандагони чунин маҳфили зебо ба раёсати донишкада изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ» дар Донишкадаи полтехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардида, аз миёни донишҷӯён чеҳраҳои нави фарҳангӣ дарёфт гардиданд.
Баргузории фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ» дар дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус идома дорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: