Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » БАРГУЗОРИ ОЗМУНИ “АРӮСИ НАВРӮЗӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ

БАРГУЗОРИ ОЗМУНИ “АРӮСИ НАВРӮЗӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ

9-03-2017, 10:32
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
БАРГУЗОРИ ОЗМУНИ “АРӮСИ НАВРӮЗӢ» ДАР ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарбияи самарабахши донишҷӯдухтарон дар рӯҳияи худшиносиву хештаншиносӣ, одоби оиладориву рӯзгордорӣ, озмуни маърифатӣ-зеҳнии “Арӯси наврӯзӣ” байни духтарон доир гардид.
Директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода аҳли нишастро бо фарорасии баҳори некпай, таҷлили Рӯзи модар ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон табрику таҳният гуфта, баргузории чунин озмунро барои баланд бардоштани маърифату маънаивиёти ҷавонон нек арзёбӣ намуд
Озмун аз рӯи чор шарт “Соҳибҷамоли наврӯзӣ”, “Соҳибхона”, “Орифа” ва “Кадбону” баргузор гардида, маҳорати донишҷӯдухтарон бо пешниҳоди либоси миллии арӯсӣ, дарзмол кардани шиму куртаи мардона ва бастани галстук, самти ҳозирҷавобӣ, омода намудани хуриши наврӯзӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки ҳамаи иштирокдорон маҳорати баланди фикронӣ, завқи хуби зебоипарастӣ ва ҳунармандии худро пешкаши ҳозирин намуданд. Онҳо ҳам дар пешкаш намудани либоси миллии тоҷикона, ҳам дар рақсу суруд ва ҳам дар рӯзгордорӣ намуна бар дигарон буданд.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунару маҳорати Гулина Мардикова, донишҷӯи факултети муҳандисӣ- технологӣ баҳои баланд дода, ӯро ғолиби мутлақ эълон карданд. Номбурда аз ӯҳдаи ҳамаи шартҳои озмун бо сарбаландӣ баромад. Зинаҳо дигари ифтихориро Абдуманонова Адиба, донишҷӯи факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ, Бобомуродова Нодира аз факултети информатика ва энергетика ва Ҳусейнова Шаҳло аз факултети сохтмон ва нақлиёт ба даст оварданд.
Ба ғолибон дар вазъияти тантанавӣ ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати донишкада супорида шуд.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати донишкада қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: