Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дар Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид

Дар Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид

13-03-2017, 08:33
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Дар Хатлон озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ва Соли ҷавонон аз 20 то 28 феврали соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз» дар ду давр доир гардид.

Даври ниҳоии озмуни «Маликаи Наврӯз» 10 марти соли 2017 дар толори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони 25 шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Дар ҷамъбаст аз рӯи натиҷагирии озмун Шоҳҷоизаи «Маликаи Наврӯз» насиби Бунафша Маҳмадиева, сокини ноҳияи Данғара гардид. Ҳамчунин иштирокчиёни шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Сарбанд, Фархор, Вахш, Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Восеъ, Хуросон ва Ҷайҳун бо ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукот қадрдонӣ шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: