
Бо ташаббуси ТҶҶ
«Созандагони Ватан» дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 27.02.2017 дар толори фарҳангии донишгоҳ озмуни «Маликаи донишгоҳ-2017»-ро бахшида ба Соли ҷавонон баргузор намуд.
Озмуни мазкур аз бахшҳои гуногун саломнома, бастани галстук, намоиши истеъдод, намоиши либосхои миллӣ, саволу ҷавоб ва ғайра иборат буд, ки дар он донишҷӯён фаъолони ширкат намуданд.
Дар охир ба донишҷӯёне, ки ба ҷойҳои намоён сазовор гаштанд бо туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.