Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Озмуни маликаи наврӯзӣ.

Озмуни маликаи наврӯзӣ.

28-02-2017, 15:26
Хабарро хонданд: 308 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни маликаи наврӯзӣ.Бахшида ба «Соли ҷавонон» ва Иди Наврӯз тибқи фармоиши Раёсати Вазорати маориф ва илми вилояти Суғд ва шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни «Маликаи Наврӯзӣ» баргузор гардид. Дар озмун 7 нафар духтарони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯйи панҷ шарт қувваозмоӣ карданд. Мақсад аз гузаронидани маҳфил дар рӯҳияи инсондӯстию ватанпарастӣ, меҳнату накӯкорӣ ва созандагӣ ба воя расонидани ҷавондухтарон буд.
Хонандагон ва ҷонибдорони НТҶҶ «Созандагони Ватан»-и муассисаҳои таълимӣ изҳор доштанд, ки чун ҷавонони шоистаи ҷамъият ба воя расида аз пайи илмомӯзи мешаванд аз имконияту шароитҳои мусоиди имрӯза самаранок истифода бурда, ҳиссаи арзандаи хешро баҳри пешрафти Ватан мегузоранд. Шоҳҷоизаро хонандаи синфи 10 МТМУ№14 Дурдона Абдурашидова, ҷойи якум хонандаи Гимназияи №1 Иқболхон Умарова, ҷойи дуюм хонандаи МТМУ№1 Умеда Ҳайдарова ва ҷойи сеюмро хонандаи МТМУ№10 Парвина Ҷӯраева МТМУ№10 ишғол намуданд. Ғолибони озмун бо Дипломи шӯъбаи маорифи ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравии Маркази таҳсилоти иловагӣ қадршиносӣ карда шуданд.

Лоиқ Тӯйчиев
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: