22-юми сентябр – “Рӯзи Рӯдакӣ”22-09-2015, 15:00
Хабарро хонданд: 480 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади гиромидошти “Рӯзи Рӯдакӣ” сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик дар толори тобистонаи Боғи фаҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Р.Мурчаев чорабинии калони фарҳангӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, узви КИМ ҲХДТ С.Қосимова кушода, оиди ҳаёт ва эҷодиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мухтасар маълумот дод. Баъд аз он озмуни “Иншои беҳтарин”-ро, ки байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр доир гардида буд, ҷамъбаст намуда, аз 24 иншои беҳтарини пешниҳодгашта, ғолибонро муайян намуда, дар маросими тантанавӣ бо диплом ва туҳфаҳои таъсиснамудаи ҳайати тадорукот қадрдонӣ карда шуданд. Ҷои аввалро Шарофова Саида хонандаи МТМУ №14, ҷои дуюмро Воҳидова Дилшода хонандаи МТМУ №6 ва ҷои сеюмро Пироншоева Нигора хонандаи МТМУ №15 ишғол намуданд. Дар охир иштироккунандагони ин чорабинӣ барномаи ҳунарии ҳунармандони Раёсати фарҳанги вилоят ва шаҳрро бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” тамошо карданд. ©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в. Хатлон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.